Дар шаҳри Хуҷанд марҳилаи вилоятии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни наврасони 16 сола ба анҷом расид. Дар чемпионати мазкур, ки аз 28-уми май то 16-уми июн идома ёфт аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 16 даста иштирок намуданд. Ду дастаи беҳтарини марҳилаи вилоятии чемпионати мазкур Суғд-Тоҷ ва Суғд 2 ба даври ниҳои роҳ ёфта, байни ҳам сабқат карданд. Ин ду даста дар марҳилаи ниҳоии чемпионати мазкур вилояти Суғдро муаррифӣ менамоянд.
