10.06.2026 04:28

Бо ҷонибдории пурра аз сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоят дар корҳои ободонӣ иштироки фаъолона карда дар мумфаршкунии кучаҳои ҳудуди деҳаву маҳаллаи худ саҳмгузорӣ карда истодаанд. Чунончӣ давоми ҳафтаи равон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара мумфаршкунии кучаҳо бо маблағгузории соҳибкорон шахсони саховатпеша, ва аҳолии маҳал амали гардид. Ин самти кор аз дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат ба вусъати корҳои ободонӣ сарчашма гирифта худ гувоҳи таваҷҷуҳи сокинони вилоят ба корҳои ободонӣ аст.