Дар ноҳияи Ашт ба ифтихори ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву ободонӣ бо маром идома дорад. Маврид ба зикр аст, ки соли 2024 дар ноҳияи Ашт беш аз 180 километр роҳҳои мошингарди аҳмияти байналмилаливу маҳаллидошта ва кӯчаҳо бо саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст мумфарш гардида буд. Сокинону соҳибкорон дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ҳам нақша доранд, ки дар корҳои ободониву созандагӣ, ба хусус мумфарш намудани роҳу кӯчаҳои маҳал саҳми бештар гузоранд. Ин тасмими сокинон дар деҳоти ноҳия ҳамовозӣ пайдо намуда, даҳҳо километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта навсозӣ ва пурра мумфарш мегардад.
