10.06.2026 04:30

Картошка аз зироати асосии хӯрока ва таъминкунандаи амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб ёфта рушди ин соҳа мавриди таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят соли ҷорӣ дар сохтори кишоварзӣ ба масоҳати зиёда аз 18000 гектар кишт гузаронида шуда, бо назардошти замини наздиҳавлигии аҳолӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон масоҳати кишти ин зироат бештар хоҳад шуд. Имсол дар миқёси вилоят ба масоҳати 1205 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шуда, имрӯзҳо ҷамъоварии он бомаром идома дорад.