Дар даври 12 уми Лигаи олии кишвар дастаи Хуҷанд бо тими Истиқлол вохӯрӣ доир намуд. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуда бо пирӯзии соҳибони майдон 1:0 ба анҷом расид. Маврид ба зикр аст, ки дар варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бори аввал вохӯрии дастаҳо дар шабонгоҳ баргузор шуд. Варзишгоҳи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо чароғҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар инҷо минбаъд баргузории дилхоҳ чорабинӣ аз ҷумла бозиҳои футбол шабона имконпазир мебошад.
