10.06.2026 04:27

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз навоҳии калонтарини кишоварзӣ дар вилояти Суғд ба шумор рафта, деҳқонони ин минтақа аз таъминкунандаи асосии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад. Соли ҷорӣ дар ноҳия дар масоҳати бештар аз 20 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст. Кишоварзони ноҳия кишту парвариши ғалладонагӣ, пахта, шолӣ, сабзавот ва полезиро ба роҳ монда, бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳои доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ пайваста заҳмат мекашанд. Айни замон кишоварзон ба ҷамъоварии сабзӣ, картошка, пиёз, помидору бодиринг, зардолу, шафтолу ва олу машғул хастанд.