10.06.2026 04:28

Ба ифтихори 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ваҳдат — пояи давлату миллат” баргузор гардид. Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи таърихиест, ки он ҳамасола 27-уми июн дар Тоҷикистон бо шукуҳи хосса ҷашн гирфита мешавад. Зеро ваҳдати миллӣ дар қатори Истиқлолият муҳимтарин неъмат ва арзишмандтарин дастовард ба шумор рафта, барои пойдории сулҳу субот ва рушду шукуфоии мамлакат замина фароҳам овард. Дар ҳамоиш аз нақши Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва роҳи тайнамудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози андеша карда шуд.