Дар Тоҷикистон 1 июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад. Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад. Ба назари донандагон агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардуми мо мебошад. Бо таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Тиргон дар баробари Наврӯзу Меҳргон ва Сада бо такя ба санадҳои таърихӣ эҳё гардида,бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
