Дар маркази солимгардонии Суғд басти аввали истироҳату фароғати кӯдакону наврасон оғоз ёфт. Тибқи иттилои масъулин дар басти якум 235 нафар кӯдакону наврасон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба истироҳату фароғат ҷалб гардиданд. Бо мақсади хушу хотирмон сипарӣ шудани таътили тобистона, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд. Дар ин марказ фарзандони омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, аъзонёи иттифоқи касаба, кӯдакони ятиму аз оилаҳои ниёзманд бештар ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд.
