Субҳгоҳон машғул шудан ба варзиш ба кас рӯҳу илҳоми тоза бахшида давоми рӯз фаъолияти меҳнатиро беҳ месозад. Зеро варзиш ягона василае мебошад, ки саломатиро барқарор ва одамро ҷасуру нерӯманд месозад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор мешаванд, ки дар ин машқҳои оммавии варзиши сокинони сершумори варзишдӯст фаъолона иштирок менамоянд. Ҳафтаи сипаришуда машқҳои пагоҳирӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳия Бобоҷон Ғафуров дар сатҳи хуби ташкилӣ ҷараён гирифтанд.
