Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба санъати муҳориботи омехта баргузор шуд. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш ва дарёфти варзишгарони болаёқати вилояти Суғд бо ташаббуси Федератсияи муҳориботи омехтаи кишвар Таҷмаф дар якҷояги бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар гузаронида шуд. Дар ин мусобиқаи вилоятӣ беш аз 600-нафар дӯстдорони ин намуд аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштироку маҳоратсанҷӣ карданд.
