10.06.2026 04:27

Дар ноҳияи Деваштич дар баробари бунёди иншооти ҷашнӣ ба масъалаи таъмири роҳу кӯчаҳо таваҷҷуҳ равона градида, сокинон дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд. Дар нимсолаи авали соли равон дар ноҳия 22 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта пурра мумфарш гардидааст. Дар шаҳраки Ғончӣ бо саҳми сокинон 1 километр роҳи кӯчаи ба номи Раҳимҷон Ашӯров мумфарш карда шуд. Сокинони ноҳия ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолият қарор дода, дар ободии диёр саҳми арзанда мегузоранд. Сокинон мегӯянд, ки ободии ватан аз маҳалли зист сарчашма мегирад ва мардум бояд дар чунин амалҳои созанда ҳиссаи худро гузошта, рисолати фарзандии хешро ба ҷо оваранд.