Соли ҷорӣ дар ноҳияи Спитамен дар майдони 3-ҳазору 239 гектар ғалла кишт карда шуда то ба имрӯз 60 дарсади он ҷамъоварӣ гардидааст. Бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсола дар ноҳия аз тарафи масъулини хадамоти оташнишонӣ амалиёти “Ғалла” идома дорад. Дар доираи амалиёти мазкур кормандони қисми мустақили 8-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Спитамен бо кишоварзон ва механизаторони хоҷагиҳои деҳқонӣ мунтазам мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, онҳоро бо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор огоҳ менамоянд.
