Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи “20-солагии Истиқлолият” фаъолияти худро дар мавсими соли 2025 оғоз бахшид. Айни замон дар басти аввал зиёда аз 200 нафар наврасон таътили худро дар ин ӯрдугоҳ гузаронида, аз тарафи мураббиён зиёда аз 10 маҳфил ташкил карда шудааст. Биноҳо барои хобу фароғат, ошхона, маъмурият, толори кино, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ, майдонҳои варзишии футбол, волейбол ва баскетбол, 3 ҳавзи шиноварӣ барои истироҳаткунандагон омода карда шудааст.
