10.06.2026 04:34

Дар ноҳияи Ашт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида майдони кишти зироатҳои кишовразӣ бештар мегардад. Дар минтақаи Ҳафттеппа то соли 2025 қариб 160 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, дар ин заминҳо 68 гектар пахта, 59 гектар ғалла ва 32 гектар хурокӣ чорво кишт гардидааст. Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” нақша доранд, ки соли равон дар минтақаи Ҳафттеппа 70 гектар заминро, ки то имрӯз кишт карда намешуд, ба гардиши кишовразӣ ворид намоянд.