10.06.2026 04:33

Соли равон аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи “Паёми Суғд” 30 сол сипарӣ мешавад. Ба ин муносибат дар кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идона баргузор гардид, ки шоирону нависандагон, муҳаққиқон, аҳли зиё ва дӯстдорони суханро ба ҳам овард.      Моҳномаи адабӣ ва илмию оммавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-маҷаллаи “Паёми Суғд” дар тарғибу нигаҳдории фарҳанги миллӣ, сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии дастоварадҳои замони соҳибистиқлолӣ саҳм назаррас дорад.