Дар Раёсати адлияи вилояти Суғд таҳти унвони “Ваҳдати тоҷикон – намунаи омӯзиш” миззи мудаввар доир гардид. Зимнан таъкид гардид, ки дар заминаи таҷрибаи ғании таърихӣ ва хиради волои халқи тоҷик 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки он аз оғози ҳаёти осоишта дар кишвар башорат дод. Ҳамин рӯйдоди фараҳбахш имкон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба пешрафту муваффақиятҳои бузург ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
