10.06.2026 04:34

Варзишгари кишвари мо, дастпарвари мактаби варзишии рақами 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ бо медали тилло ба ватан баргашт. Чемпионати мазкур дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия баргузор шуд. Дар ин Чемпионат аз кишвари мо 15-нафар гуштингирони пуртаҷриба иштирок намуда бо 1 медали тилло, 2 нуқра ва 11 биринҷӣ ба ватан баргаштанд. Ҳангоми бозгашт ин варзишгаронро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешвоз гирифта бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.