10.06.2026 04:28

Ғаллакорӣ яке аз шохаҳои муҳими соҳаи кишоварзиро ташкил дода, бо мақсади фаровонҳосилии зироати киштшуда, таъминоти ҳарчи бештари бозори дохила бо ғалладонагиҳо ҳамасола ба масоҳати муайян кишти ин зироати хӯрока гузаронида мешавад. Алҳол дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷамъоварии ғалладона бомаром идома дорад. Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзӣ соли ҷорӣ масоҳати ғалладонагиҳо, яъне ҷаву гандум дар маҷмуъ 85,656 гектарро ташкил медиҳад ва то ба санаи 30-июн 29672 гектараш дарав ва ҳосили ҷамъоварӣ алҳол 63390 тоннаро ташкил медиҳад.