Тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нахустин парвоз дар масири Каши – Хуҷанд – Каши сурат гирифт. Парвозҳо дар масири Каши-Хуҷанд -Каши дар як ҳафта як маротиба анҷом дода мешавад. Ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофиёи парвозҳо, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон амалӣ шудааст.
