10.06.2026 04:27

Санаи 1 уми июли соли 2025 даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 оғоз гардид. Барои баргузории имтиҳонҳои дохилшавӣ дар заминаи 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудааст, ки аз ин шумора 12 ададаш дар шахру ноҳияхои вилояти Суғд мебошад.