Бо ташаббуси Федератсияи футболи вилоят ва дастгирии Федератсияи футболи кишвар дар варзишгоҳи «Маркази таълимии БМТ» воқеъ дар шаҳри Гулистон мусобиқаи байналхалқӣ оид ба футбол байни кудакону наврасон таҳти унвони “Футбол сарҳад надорад” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 46 даста аз кишварҳои дӯсту ҳамсояи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон иштироку маҳоратсанҷӣ карданд.
