Тибқи иттилои Агентии обу ҳавошиносии мамлакат аз 3 то 7 июл дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби ворид шудани анбӯҳи ҳавои ниҳоят гарм ва хушк аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ шиддат гирифтани гармии ҳаво пешгӯӣ мешавад. Бино ба таҳлили кошиноснони соҳа имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июл нисбатан гармтар меояд ва ҳарорати ҳаво метавонад то ба 42-45 дараҷа гармӣ бирасад.
