Картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти хоҷагидории кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Деваштичу Истаравшан, Шаҳристону Панҷакент ва Айниву Куҳистони Мастчоҳ ба ҳисоб рафта маҳз дар ҳамин минтақаҳои агросаноатӣ дар маҷмуъ масоҳат ва ҳаҷми бештари кишту истеҳсоли ин зироати хӯрока амалӣ карда мешавад. Соли ҷорӣ дар сохтори кишоварзии вилоят майдони кишти картошка 18500 гектар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин нишондод 16445 гектараш ба хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои зикргардида рост меояд.
