10.06.2026 04:36

Соли равон кишоварзони вилоят аз усули инаватсионии пахтакорӣ истифода намуда баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ аз тамоми воситаҳо истифода мебаранд. Саҳмдорони ҶДММ «Рахшона» — и ноҳияи Ашт дар майдони 63 гектар кишти пунбадонаи зери плёнкаро ба роҳ мондаанд, ки айни замон ниҳоли пахта 14-15 шох ронда, 10-15 кӯрак бастааст. Деҳқонони ҷамъияти мазкур нақша доранд дар даҳаи дуввуми мохи август ба ҷамъоварии пахта шуруъ намоянд.