10.06.2026 04:28

Дар шаҳри Хуҷанд реҷаи кори фаввораҳо 24 соат ба роҳ монда шудааст. Ин тадбир бо дарназардошти баланд рафтани ҳарорати ҳавои давраи тобистон дар як чанд рӯзи охир амали карда мешавад. Агар қаблан фаввораҳои шаҳри Хуҷанд бо реҷаи муаян фаъолият мебурд, алҳол фаъолияти он бефосила, яъне давоми 24 соат амалӣ мегардад. Ин имконият медиҳад, ки мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр нисбатан салқин нигоҳ дошта шуда, сокинон аз обу фаввораҳо бемамоният истифода намоянд, худро аз гармии зиёд муҳофизат кунанд ва ба роҳату фароғат фаро гирифта шаванд.