10.06.2026 04:33

Сокинони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо назардошти манфиатовар будани захираи маҳсулот ва ба таври доимӣ таъмин намудани хонавода бо маводи ғизоӣ кӯшиш доранд, ки маҳсулоти гуногуни истеъмолиро дар ҷойҳои махсус захира намоянд. Ба таъкиди коршиносон захираи ҳар як намуди маҳсулот дар вақти фаровониаш аз ҷиҳати иқтисодӣ барои ҳар оила манфиатнок аст.

Маҳсулотҳо аз қабили шакар, асал, макарон, меваву сабзавоти консервашуда, шарбати мева, мураббо, меваҳои хушк, хокаи шир, равғани растанӣ, биринҷ, орд ва ғайра метавонад барои муддати дароз нигоҳдорӣ шавад.