10.06.2026 04:33

Дар замони зудтағйирёбандаи авзои ҷаҳон ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ муҳимияти бештар касб намудааст. Бахусус, ҳушёру зирак будан, фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳ нагардидан аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Рушди бемайлони илму техника имкон фароҳам овард, то гуруҳҳои тундрав бо роҳҳои нав шаҳрвандони ноогоҳро ба суйи худ моил намоянд ва тавассути онҳо нақшаҳои муқризонаи худро амалӣ намоянд.

Тоҷикистон кишвари сулҳу субот, ҳамдиливу ҳамбастагии мардум буда, сол аз сол ободу зебо ва пешрафту шукуфо мегардад. Вазифаи ҳар яки мо ин саҳм гузоштан дар пойдории сулҳу субот ва ободу шукуфоии бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.