10.06.2026 04:29

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят натиҷаҳои 6-моҳи сипаришударо мавриди баррасӣ қарор дод. Маориф аз соҳаҳои афзалиятноки ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, рушди он мавриди таваҷҷӯҳи доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Алҳол дар миқёси вилоят 962 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 287 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ арзи вуҷуд ва фаъолият доранд.