Дар Тоҷикистон санаи 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон муқаррар гардида, ба шахсони маъюбиятдошта ва пиронсолон таваҷҷуҳи хоса равона мегардад. Дар вилояти Суғд бо мақсади амалӣ намудани сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони яккаву танҳо, ятимону барҷомондагон ва шахсони дорои имконоти маҳдуд ғамхории бештар зоҳир гардида, ҳамеша ин қишри ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Тибқи иттилои мавҷуда шумораи маъюбон дар вилояти Суғд то ба санаи 1-уми январи соли равон беш аз 50 ҳазор нафар буда, дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба онҳо зери таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад.
