Имсол дар ноҳияи Ашт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1657 гектар кишти такрории зироатҳо ба нақша гирифта шуда, то ба имруз наздик 50 фоизи нақшаи пешбинишуда иҷро гардидааст. Дар кишти такрорӣ деҳқонон маҳсулоти сабзавотӣ, полезӣ, зироатҳои техникӣ, хӯроки чорво кишт намуда дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми босазо мегузоранд. Кишоварзони ноҳияи Ашт соли равон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида барои рӯёнидани ҳосили фаровон тамоми имкониятҳоро ба кор мебаранд.
