10.06.2026 04:30

Давоми ҳафтаи охир дар аксар кишварҳои олам гармшавии ҳарорати ҳаво ба қайд гирифта шудааст. Гармшавии бесобиқаи ҳарорат ба обшавӣ ва камшавии ҳаҷми пиряхҳо оварда мерасонад, ки ин албатта ба захираи он ва таъмини шаҳрвандон бо об таъсири худро мерасонад. Аз инҷост, ки ташаббус ва пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳифзии пиряхҳо дар тамоми курраи сайёра ҳамовозии бештар пайдо мекунад. Бино ба андешаи коршиносони соҳа ҳамасола боло рафтани ҳарорати ҳаво аз тағйирёбии иқлим вобастагии калон дошта, таъсири худро ба табиат низ мегузорад. Ин боиси хушкиву камобӣ дар минтақаҳои гуногуни курраи сайёра гардида, бори дигар ҷомеъаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки дар ин самт чораҳои ҷиддӣ бояд андешид.