10.06.2026 04:27

Истифодаи оқилонаву мақсаднок ва босамари замин дар ноҳияи Спитамен аз тарафи хоҷагидорон ба хуби риоя гардида, ҳар як ваҷаб замин ба кишт фаро гирифта мешавад. Сокинон бо истифода аз шароити фароҳамгардида баҳри гирифтани ду се ҳосил талош меварзанд. Кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Спитамен қитъаҳои замини ёрирасони муассисаро имрӯз барои рӯёнидани маҳсулоти кишоварзӣ истифода ва аз он ҳосили хуб мегиранд.