10.06.2026 04:37

Кишоварзони ноҳияи Зафаробод бо ҷонибдорӣ аз ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон усулҳои пешрафтаро дар самти таъмини заминҳо бо оби полезӣ ҷорӣ кардаанд. Масъулини хоҷагии деҳқонии Адҳамхон бо насби 56 адад панелҳои офтобӣ чоҳи амудиро барои обёрии 11,5 гектар замин ба кор андохтаанд, ки ин таҷриба бори аввал дар ноҳия амалӣ мегардад.