10.06.2026 04:36

Ҳунарҳои халқӣ дар ташаккули худшиносии миллии насли наврас ва ҷавонон нақши муҳим дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумиро ҳамчун инъикосгари фарҳанги бою қадимаи тоҷикон унвон карда, ҷиҳати эҳё ва баҳри рушду такоммулаш нақши бориз гузоштаанд. Мақсади асосии эҳёи ҳунарҳои халқӣ ин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тозакорӣ, ғанӣ гардонидани дунёи ботинии шахс ва тарбияи худшиносии миллӣ мебошад.