Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушод оид ба бокс, ки ба гиромидошти хотираи устоди варзиш Азимҷон Тошев бахшида шуда буд, ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа беш аз 80 нафар муштзан аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои дӯсту ҳамсоя- Узбекистон Қазоқистон ва Федератсияи Россия иштироку маҳоратсанҷӣ карданд.
