Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ беш аз 70 нафар гӯштингир аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштироку маҳоратсанҷӣ намуданд. Чорабинии варзишии мазкур бо мақсади муайян намудани варзишгарони беҳтарини аз 13 то 15 солаи кишвар ва омода намудани онҳо рохандозӣ гардид.
