10.06.2026 04:28

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардида истодааст. Ҳадафи чорабинӣ ҷоннок намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар байни ноболиғон, омӯзиши ҳарчи бештари Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бархурдории наврасон аз он мебошад.