Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 91 иншооти истироҳатию фарҳангӣ, 208 иншооти хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, 1183 иншооти савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
