10.06.2026 04:34

Дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии дӯстона байни дастаҳои собиқадорони Хуҷанди Тоҷикистон ва Қӯқанди Узбекистон баргузор гардид. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади тарғиби футбол ва мустаҳкам намудани муносиботи дӯстона бо ташаббуси Федератсияи футболи вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.