10.06.2026 04:33

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба самбо ва самбои размӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Федератсияи самбои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин мусобиқа беш аз 150 нафар варзишгар аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва давлатҳои ба мо дӯсту ҳамсоя иштироку маҳоратсанчӣ намуданд.