Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба гимнастикаи варзишӣ баргузор шуд, ки дар он наздик сад нафар кӯдакон иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Ин чорабинии варзиши аз ҷониби Федератсияи гимнастикаи варзишии вилоят бо мақсади ҷалби кӯдакон ба ин намуд роҳандозӣ карда шуд. Маврид ба зикр аст ки Федератсияи гимнастикаи варзишӣ дар вилояти Суғд тайи 5 сол инҷониб фаъолият дорад. Дар ин муддат садҳо гафар кӯдакону наврасон ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.
