10.06.2026 04:30

Дар 8 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич дар доираи сиёсати ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон ташаббуси роҳсозиро пеша намудаанд. Мардуми деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳия иқдом гирифтаанд бо сарҷамъи роҳи маҳаллиро пурра таъмиру мумфарш намоянд. Саҳмгузорӣ дар ин кори хайрро кулли сокинони ҷамаот, ки беш аз 23-ҳазор нафаранд, якдилона дастгирӣ менамоянд. Иқдоми сарҷамъона тариқи ҳашар обод намудани роҳи вайрона намунаи ибрат буда, аз ватандустиву меҳанпарастӣ ва ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи сарвари давлат аз ҷониби аҳолӣ мебошад.