Дар Шуъбаи минтақавии бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ доир гардид. Ҳоло дар низоми бонкии вилояти Суғд бонкҳои мустақил, ташкилотҳои амонатӣ-қарзии хурд, фондҳои қарзии хурд, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Гуфта шуд, ки дар низоми бонкии вилояти Суғд имрӯз 6127 нафар фаъолият доранд ва 44 фоизи кормандонро занон ташкил медиҳанд.
