10.06.2026 04:28

Дар қатори дигар гӯшаву канори мамлакат ноҳияи Мастчоҳ ободу зебо гардида, дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору зиндгаии мардум шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Таъмиру мумфарш намудани роҳҳои мошингард идомаи ташаббусҳои созандаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ арзёбӣ гардида, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар дигар деҳоти ноҳия ин иқдоми неку наҷиб ҳамовозӣ пайдо хоҳад кард ва роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш карда мешаванд. Бо саҳми сокинону соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи деҳаҳои Сабағ ва Табушни деҳоти Палдорак 3 километру 200 метр роҳи мошингард мумфарш карда мешавад.