Маркази ташхисиву табобатии «Баҳри шифо» аз зумраи марказҳои саломатиест, ки ҳамрӯза баҳри сиҳатии ҷомеъа ҳамаи имкониятҳои дастрасу муосирро ба роҳ мондааст. Ба ин маркази табобатӣ табибони давлатҳои хориҷи ташриф оварда, барои табобати беморон амалиётҳои гуногуни ҷарроҳиро мегузаронанд. Айни замон табибон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои гузаронидани ҷаррроҳии гӯш ба корафтодагон кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Табибон барои кӯдакону наврасоне, ки узви шунавоиашон осеб дидааст, ё ин ки модарзод аз шунидан ва сухан гуфтан мушкили доранд узви сомеашонро бо гузоштани таҷҳизоти шунавоӣ барқарор менамоянд.
