Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имкон фароҳам гардид, ки кишоварзон тариқи барномарезӣ аз технологияҳои муосир кори саҳроро ба анҷом расонанд. Ин аст, ки воситаи парвозкунандаи бесарнишин имрӯз ба ёрдамчии аслии деҳқон табдил ёфтааст. Дрони кишоварзӣ – таҷҳизоти парвозкунандаест, ки бо як амр дақиқ дору мепошад, заминро назорат мекунад ва ҳатто зироатро ҳисоб мекунад. Ин ҳама – бидуни трактор ва меҳнати зиёд дар саҳро иҷро мегардад.
