10.06.2026 04:37

Вохӯрии дастаҳои Эсхатаи шаҳри Хуҷанд ва Истаравшани шаҳри Истаравшан дар даври якчорниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор шуд. Ин дидор бо иштироки ҳаводорони сершумори ҳарду даста ҷолибу тамошобоб ҷараён гирифта бо пирӯзии Эсхата ба поён расид. Дастаи Эсхата ба даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.