Марҳилаи вилоятии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни наврасони 16-сола ба анҷом расид. Дар чемпионати мазкур 12-даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда маҳоратсанҷӣ карданд. Ду дастаи беҳтарини чемпионати мазкур Ҷаббор Расулов ва Суғд-2 ба марҳилаи ниҳоии Лигаи Пешсаф роҳ ёфта дар он вилояти Суғдро муаррифӣ менамоянд.
