10.06.2026 04:36

Дар ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба бокс байни наврасон баргузор шуд. Ин чорабинии варзиши бахшида ба рӯзи варзишгарон ва гиромидошти хотираи корманди шоистаи Тоҷикистон Саидсуҳроб Ҳусейнов роҳандозӣ гардид. Дар мусобиқа беш аз 100 нафар муштзанҳои 12-13 сола аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дӯсту ҳамсояи Узбекистон Қазоқистон ва Қирғизистон иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Мусобиқа дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ тайи 4 рӯз дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифта, беҳтаринҳо муайяну қадрдонӣ шуданд.